Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона”
ДУШАНБЕ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 6 июли соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” иштирок карданд.
Дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” Сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати 20 — умин солгарди ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахт ва ифтитоҳи “Маркази байналмилалии молиявии Остона” табрик гуфта, ба давлат ва халқи ин кишвари дӯст шукуфоию пешрафт орзу намуданд.
Ташкили Маркази байналмилалии молиявӣ дар Остона, қадами муҳим барои таҳияи механизмҳои пешрафтаи таъмини молиявии рушди минтақавӣ мебошад. Таъсиси Марказ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати рушду пешрафти иқтисодиёти кишварҳои минтақа, муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар ояндаи наздик марказ метавонад ҳамчун як инфрасохтори муҳимму воқеии молиявӣ барои рушду пешрафти кишварҳои минтақа саҳми муносиб гузорад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон






