Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ даҳ қарор ва ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Октябрь 12, 2018 14:36

ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрўз дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз макони баргузории ҳамоиши сиёсӣ хабар дод.

Ҳисоботи Котиботи СҲШ оид ба татбиқи Барномаи бисёрҷонибаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ, дар бораи Ҳисоботи молиявии СҲШ оид ба иҷрои буҷети СҲШ барои соли 2017, оид ба буҷети СҲШ барои соли 2019, оид ба кумаки ихтиёрӣ барои таъмини фаъолияти мақомоти доимоамалкунандаи СҲШ, оид ба таъмини тарҷумаи фаъолияти мақомоти доимоамалкунандаи СҲШ, оид ба ворид намудани тағйирот ба Низомнома дар бораи таъмини молиявӣ, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои шахсони мансабдори мақомоти доимамалкунандаи СҲШ, оид ба таҳияи таҳрири нави Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ, оид ба омода намудани Барномаи рушди ҳамкории байниминтақавии давлатҳои аъзои СҲШ, оид ба Нақшаи тадбирҳои амалӣ («Харитаи роҳ») оид ба ҳамкории муассисаҳои илмию тадқиқотии аъзои СҲШ барои солҳои 2019-2020, оид ба татбиқи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, Баёнияи муштарак оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ аз ҷумлаи қарорҳои ба имзорасида мебошанд.

Инчунин дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ Барномаи ҳамкории СҲШ оид ба бехатарии озуқаворӣ ва Ёддошти тафоҳум байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи ҳамкории техникӣ дар соҳаи пешгирии муштарак ва назорати бемориҳои фаромарзии эпизотӣ ба имзо расонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки самти ҳамкорӣ дар доираи ин ду санади соҳавии баимзорасидаи СҲШ ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон –таъмини амнияти озуқаворӣ ҳаммаъно мебошанд ва бинобар ин ба имзо расидани ин санадҳо зимни ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе аҳамияти муҳим дорад.

Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои ҷаласаи имрӯза пурмуҳтаво арзёбӣ гардида, қарорҳои қабулгардида, санадҳои баимзорасида ва мувофиқаҳои бадастомада ба рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба дар доираи СҲШ такони нав мебахшанд.

 

Октябрь 12, 2018 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи пленарӣ доир шуд
Кэтрин Рассел: «Бо ташаббусҳои арзишманди ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон мо метавонем ба ҳадафҳои назаррас ноил гардем»