Дар Душанбе Конфронси илмӣ–назариявии «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон» доир гардид

Февраль 1, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 1.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо Конфронси илмӣ— назариявӣ таҳти унвони «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон» баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур  роҳбарони  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва олимону муҳақкиқони ҷавон иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конфронс бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои   асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид.

Иштирокчиёни конфронс дар мавзӯъҳои «Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии амалигардонии таҳсилоти муосир», «Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оилавӣ», «Амалишавии меъёрҳои байналмилалии таҳсилоти муосир дар маорифи кишвар», «Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияи ғайринақдӣ миёни ҷавонон», «Раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши муҳоҷирати зеҳнӣ ва таълимӣ дар рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳсилоти фосилавӣ дар замони муосир», «Инноватсия дар фурудгоҳ», «Таҷрибаи «Алиф Сармоя» дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ», «Технологияҳои нав барои муҳоҷирон ва ҷавонон» ва «Хизматрасониҳои ғайринақдӣ дар замони муосир» маърӯза намуданд.

Ҳамчунин дар кори конфронс масъалаҳои муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон бо иштироки васеи коршиносон, собиқадорони соҳа, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва ҷавонони гуногункасб баррасӣ гардид.

Февраль 1, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДУШАНБЕ — МУАРРИФУ ТАҲКИМБАХШИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Бардошт аз ҳамоиши илмӣ-адабӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — ҚИМАТТАРИН НЕЪМАТИ ЗИНДАГӢ. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона баргузор шуд
Дар Чин барои хизматчиёни давлатӣ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» амалӣ шуд
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян гардиданд
Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия мебошад
Дар беш аз 400 муассисаи тандурустии Тоҷикистон воситаҳо барои пардохти электронӣ насб гардиданд
Дар шаҳри Турсунзода биноҳои Маркази касбомӯзӣ ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бунёд мегарданд
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» ҷамъбаст мегарданд
Ҷаласаи V Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои фасли тирамоҳ чӣ гуна мешавад?
Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе 5 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад