ПАРЛАМЕНТҲОИ ҶАВОНОН ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ. Лоиҳаи бо ташаббуси байналмилалии қонунгузорӣ пешниҳоднамудаи вакили Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ пазируфта шуд

Апрель 23, 2019 19:24

ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ “Ховар”/. Ташаббуси байналмилаии қонунгузории вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ” дар ҷаласаи 49-уми васеи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки  19 апрели соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир гардид, пазируфта шуд.   

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён ҳанӯз соли 2016  лоиҳаи Тавсияҳоро оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ пешниҳод карда буд, ки он бо қарори Ассамблеяи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ аз 25 октябри соли .2016   ҷонибдорӣ шуда, ба баррасии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ пешниҳод гардид.

Дар робита ба ин, ҷиҳати такмили лоиҳаи мазкур аз ҳисоби намояндагони вакилони ҷавони парламентҳои давлатҳои ИДМ бо роҳбарии Қ.   Миралиён гурӯҳи корӣ ташкил шуда, давоми 2,5 соли охир фаъолият намуд. Дар дар ин давра  таҷрибаи ҳамдигар мавриди омӯзиш қарор гирифта, самтҳои фаъолият мушаххас гардонида шуданд. Лоиҳаи мазкур дар чанде аз конференсияҳо ва форумҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, пешниҳодҳои ироашуда  зимни  такмили лоиҳа  ба инобат гирифта шуданд.

Ҳамин тариқ, бо гузаштани тамоми расмиёти омодакунӣ ва мувофиқасозӣ бо парламентҳои давлатҳои ИДМ лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ бо пешбарии Комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба ҳуқуқи инсон ва Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ бо қарори ҷаласаи васеи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ қабул гардида, барои истифода ба давлатҳои аъзои ИДМ ирсол гардид.

Лоиҳаи мазкур бо назардошти таҷрибаҳои амалии кишварҳои пешрафта ва рукнҳои илмии сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ҷиҳати таъсис ва рушди парламентҳои ҷавонон дар кишварҳои ИДМ таҳия гардидааст. Лоиҳа аз пешгуфтор, мафҳумҳои асосӣ, муқаррароти умумӣ, вазифаҳои асосии парламенти ҷавонон, тартиби ташкили (таъсиси) парламенти ҷавонон, принсипҳои асосии парламенти ҷавонон, асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолияти парламенти ҷавонон, ташаккулдиҳии парламенти ҷавонон, ваколатҳои парламенти ҷавонон, дастгирии давлатии парламенти ҷавонон ва муқаррароти хотимавӣ иборат мебошад.

Ин ташаббус механизмеро ташкил медиҳад, ки ба фаъол гардонидани ҷавонон дар шароити рушди ҷомеаи муосир, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, инкишофи институти демкоратия ва василаҳои идоракунии иҷтимоӣ, таҳкими рукнҳои парламентаризм, омодасозии сарвар-ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи амну субот ва арзишҳои миллӣ, ҳамчунин муқовимат ба таҳдидҳои бегона / берунӣ мусоидат менамояд.

Апрель 23, 2019 19:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»