20 нафар наворбардорони шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ба давраи омӯзишӣ фаро гирифта шуданд

Июнь 18, 2019 15:43

ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 нафар наворбардорони шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон,  аз ҷумла  «ТВ Тоҷикистон», «ТВ Ҷаҳоннамо», «ТВ Сафина», «ТВ Варзиш», «ТВ Синамо», «ТВ Баҳористон», «ТВ Бадахшон», «ТВ Хатлон» ва «ТВ   Кӯлоб» ба давраи бозомӯзӣ, ки аз ҷониби  Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» созмон дода шудааст, фаро гирифта шуданд. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» аз Академияи ВАО-и Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатулло Исмоилзода дар маросими ифтитоҳи давраи бозомӯзӣ изҳор дошт, ки ҳадафи машғулияти мазкур боло бурдани савияи тахассусии наворбардорони шабакаҳои телевизионии мамлакат мебошад, зеро онҳо ба такмили ихтисос ниёз доранд.

Бояд тазаккур дод, ки давраи бозомӯзӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, наворбардор-таҳиягари шабакаи телевизионии «Звезда»-и Россия Захар Винников ба наворбаророни тоҷик доир ба нозукиҳо ва санъати наворбардорӣ дарс мегӯяд.

З.Винников бо намунаи корҳои эҷодии наворбардорони тоҷик ошно гардид. Наворбардорон  давоми машғулият  корҳои амалии худро пешниҳод карданд ва ҳар як кори амалӣ аз тарафи омӯзгор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар давраи машғулият шунавандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни санъати наворбардорӣ, тарзи дурусти истифодаи дастгоҳи наворбардорӣ, муайян намудани миқёси тасвир ва ғайраҳо маълумот мегиранд.

Наворбаророни шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон давоми панҷ рӯз барои сайқали маҳорати касбии худ аз омӯзгори варзида дастурҳо мегиранд. Машғулияти мазкур аз бахшҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, то 21 июн идома меёбад.

Июнь 18, 2019 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфаҳои нодир тақдим карда шуданд
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Асарҳои офаридаи Садриддин Айнӣ шаҳодатномаи миллатанд
Дар шаҳри Ганҷа консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид
ОСОРХОНАИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ. Сайре ба қадамҷои бузургони миллат
Дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир мешавад
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» бо намоиши «Куруши Кабир» оғоз мегардад
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик ҷамъбаст гардид
Дар шаҳри Душанбе оид ба рушди китобҳои бачагона ҳамоиш доир гардид
10 АПРЕЛ-РӮЗИ РАДИОИ ТОҶИК. Радиои «Тоҷикистон» ҳамқадами замона фаъолият менамояд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Бозгашт» ифтитоҳ гардид
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор мегардад