«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… ». Дар шаҳри Хуҷанд китоби «Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид

Июль 24, 2019 17:01

ДУШАНБЕ, 24.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд китоби «Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Тавре муаллифи китоб, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Исматҷон Ҷумъаев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, он аз муқаддима ва ду боб иборат мебошад.

Бояд зикр намуд, ки боби якуми китоб «Таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳокимияти давлатӣ» ва боби дуюми он «Таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳуқуқ ва қонунгузорӣ» унвон гирифтаанд.

Муаллифи китоб кӯшиш намудааст, ки саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат, эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди қонунгузории миллӣ дар марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои умдаи вобаста ба фаъолияти Сарвари давлатро аз ҷиҳати илмиву сиёсӣ таҳлил намояд.

«Барои таълифи рисолае, ки ба фаъолияти инсони нексиришт, сиёсатмадори барҷаста ва шахсияти аз ҷониби сиёсатмадорони ҷаҳон эътирофгардида, роҳбари давлати соҳибистиқлолу демокративу ҳуқуқбунёд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, барои инҷониб, ки ҷавони даврони соҳибистиқлол мебошам, хеле кори душвор ва пурмасъулият гардид. Зеро навиштани чунин рисолаи илмӣ аз шахс масъулияти дучанд ва дониши баланд талаб мекунад, вале пуршарафтарин кор асту аксари мақолаҳои илмӣ, очеркҳо, ёддоштҳову манзумаҳо аз тарафи муаллифони гуногун эҷод шудаанд, мушоҳидаҳои хешро ҳамчун як нафар ҷавон, ки шоҳиди дигаргуниҳои миқёсан бузург-эълониИстиқлолияти миллӣ, анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёи ҷомеаи нав, таъсиси сохторҳои давлатдории навин ва ислоҳоти иқтисодӣ гардидаам, рӯи коғаз оварам», — навиштааст муаллифи ҷавон Исматҷон Ҷумаев дар муқаддимаи китоби худ.

Пажӯҳишгари ҷавон нигоштааст, ки пас аз соҳибистиқлолии  Тоҷикистон сокинони мамлакат шоҳиди барҳақ гардиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбар ва сиёсатмадори тавоно дар равандҳои таърихии тақдири мамлакат нақш ва мақоми ҳалкунанда бозида, бо дарки масъулият давлати ҳуқуқбунёдро асос гузоштанд.

«Ин маро водор намуд, ки ҳамчун як пажӯҳишгари ҷавон ва пайрави асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун сиёсатмадори оқилу дурандеш дар ҷаҳон маъруфанд, паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти он касро аз ҷиҳати илмӣ таҳлил ва манзури хонандагон намоям», — афзуд Исматҷон Ҷумаев.

Ба гуфтаи мавсуф, муҳаррири масъули китоб, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Дилшод Обидов буда, ба он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуҷаббор  Раҳматуллоев тақриз навиштаанд.

Мавриди зикр аст, ки китоби мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 воридгардида ба он, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Паёмҳо ва рисолаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишта шудааст.

Тавре муаллиф мегӯяд: «Ҳангоми навиштани китоб аз таълимоти сиёсӣ ва ҳуқуқии мутафаккирони Юнон, Мисри қадим ва Шарқу Ғарб,  таълимоти Қуръони маҷид ва дини зардуштӣ, инчунин як идда тадқиқоти олимони ватанӣ ва назари сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳонӣ истифода шуд».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳадафи аслии таҳқиқот, қабл аз ҳама, баррасии ҷанбаҳои фаъолияти Президент дар ҷодаи созмон додани давлати ҳуқуқӣ ва рушду инкишофи рукнҳои он дар Тоҷикистон, инчунин дарки моҳият ва мазмуни ғоявии он мебошад.

«Аз ин хотир, инъикоси нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ, нишон додани саҳми Сарвари давлат дар барпо намудани сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон ва муаррифии таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бунёди асосҳои давлати миллӣ дар меҳвари таҳқиқот қарор дода шуд», — афзуд Исматҷон Ҷумаев.

Тавре дар боби аввали китоб гуфта мешавад, сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад.

Муаллиф дар ин боб аз ҷумла, дар бораи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ба миён омадани ҳукумати қонунӣ ва билохира Сарвари давлат интихоб гардидани  сиёсатмадори ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл кардааст.

«Ин ҷаласа, ки дар он паёми ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дод, дар таърихи Тоҷикистони навин марҳалаи наве боз намуд. Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардид ва давлати Тоҷикистон роҳбари хешро интихоб намуд. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади олии давлат баромад, ки воқеан миллӣ ва аз миёни мардуми заҳматкаш буд ва аз орзуву ормон ва дарди миллат воқифии комил дошт. Зеро мардуми одӣ, менависад Томас Мюнсер, — мақсадҳои худпарастӣ надорад, бинобар ин ӯ талаб кардааст, ки ҳокимият ба мардуми одӣ дода шавад», — навиштааст Исматҷон Ҷумаев.

Дар боби дуюми китоб, ки «Таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон оид ба ҳуқуқ ва қонунгузорӣ» унвон гирифтааст, муаллиф саҳми Сарвари давлатро дар самти қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон аз назари илмӣ таҳлил намудааст.

«Фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди фишангҳои ҳуқуқ ва қонунгузории миллӣ дар марҳилаи аввали истиқлолият заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки асоси давлати ҳуқуқбунёд мебошад, бо воситаи қабул намудани Конститутсияи нав шароити мусоид фароҳам овард», — илова намуд дар идомаи суҳбат Исматҷон Ҷумаев.

Мавсуф дар хулосаи китоб нигоштаст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман Пешвои миллат эълон намуд ва бо ин амр саҳифаи тозаеро дар таърихи давдатдории навини тоҷикон боз кард. Далели бузургу раднопазири ин иқдом фаъолияти содиқонаю созанда ва аз ҷониби халқ эътирофшудаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва бунёди давлату эҳёи фарҳанги миллат аст.

Ёдовар мешавем, ки соли равон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат  миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор мегардад. Китоби тозанашри  «Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон», ки ба қалами муҳаққиқи ҷавон Исматҷон Ҷумъаев тааллуқ дорад, дар ин замина барои пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва унвонҷӯён туҳфаи хубе хоҳад буд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2019 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид