Дар деҳаи Емси водии Бартанг корхонаи хурди коркарди санг ва регу қум бунёд гардид

Август 30, 2019 16:05

ХОРУҒ, 30.08.2019 /АМИТ  «Ховар»/. Як гурӯҳ ҷавонони деҳаи Емси водии Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади коркарди сангу рег ва қум  Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Рундара» таъсис доданд. Ин корхона дар муддати кӯтоҳ мизоҷони зиёдеро дар маркази ноҳия ва вилоят-шаҳри Хоруғ пайдо намуд.

Ба гуфтаи сардори ҷамъияти мазкур Адиб Қадамшоев, «корхонаи онҳо ҳоло ба истеҳсоли сафолакҳои гуногуншакл барои кӯчаву хиёбонҳо ва майдони назди биноҳо машғул аст. То соли пеш дар корхона ҳамагӣ 8 нафар кор мекарданд, аммо баъди  васлу насби  таҷҳизоти нави техникӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо нархи  200 ҳазор сомонӣ дастрас гардид, шумораи коргаронро як баробар зиёд намудем ва ҳоло дар корхона 16 нафар кор мекунанд.  Ҳоло корхона 5 намуди хишт ва тахтасангҳо аз  санги мармари сафед истеҳсол мекунад. Дар як шабонарӯз дар ин корхона то 150 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Ба наздикӣ чанд намуди маҳсулоти худро дар бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон ба намоиш гузоштем ва маҳсулоти корхонаи мо таваҷҷуҳи тоҷирони кишвари ҳамсояи Афғонистонро ба худ ҷалб кард. Умедворем, ки рӯзҳои наздик ҳамкории васеъро бо соҳибкорони Бадахшони Афғонистон ба роҳ  гузорем».

Ин корхона дар сари роҳи мошингард ҷойгир буда, тамоми навъҳои ашёи хоми зарурӣ дар атрофи он мавҷуданд. Танҳо санги мармари сафедро аз  деҳаи ҳамсояи Равмед интиқол медиҳанд. Кони сани мармари сафед солҳои пеш аз тарафи геологҳои шӯравӣ кашф шуда буд.

Мутобиқи маълумоти мутахассисон, захираи ин санг дар деҳа фаровон аст. Аммо дар он давра бо сабаби дурии роҳ ва хатарнок будани он истихроҷи санги мармарро ба таъхир гузоштанд. Зеро баъди фаро расидани фасли зимистон роҳи мошингард зуд-зуд баста мешуд. Ҳоло   муассисаи роҳсозии ин водӣ бо техникаву таҷҳизоти пуриқтидор таъмин аст ва роҳсозон мекӯшанд, ки роҳро ҳамеша кушода нигоҳ доранд.

Август 30, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд