МУНОСИБАТИ МО БА ЗАМИН – БОИГАРИИ АСОСИИ КИШВАРАМОН ЧӢ ГУНА АСТ? Дар ноҳияи Рӯдакӣ 376 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид

Август 31, 2019 12:45

РӮДАКӢ, 31.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Рӯдакӣ 376  ҳолати вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замин ошкор гардид. Аз ин шумора 287 ҳолат истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи  ҳуқуқи истифодаи он мебошад. Дар ин бора сардори идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ  Ҷунайдулло Файзализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

 Тавре пештар иттилоъ дода будем, бо карори суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини ҷамоати Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ Саидқул Ҷониқулов барои худсарона ишғол намудани замини марбут ба хоҷагии ёрирасони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дар он сохтани манзили истиқоматӣ тибқи қонунгузории мамлакат гунаҳгор дониста, аз ӯ ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

ДАР АКС: бунёди манзили истиқоматӣ дар замини худсарона ишғолкардашуда дар ноҳияи Рӯдакӣ. Акс аз байгонӣ.

Аз 376 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, аз ҷумла Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 парванда ба Прокуратураи ноҳия ва 12 парванда ба Суди ноҳия ирсол  гардидааст. Дар маҷмӯъ, 376 нафар қонунвайронкунанда ба маблағи 164 ҳазору 10 сомонӣ ҷарима шуда, 304 ҳолати қонунвайронкунӣ бартараф гардид.

Аз ин рӯ масъулини назорати истифодаи замин дар ноҳияро зарур аст, ки дар давраи аввали худсарона ишғол кардани замин ё ин ки сохтмони худсаронаи хона бо истифода аз чораҳои дар қонун пешбинишуда қонунвайронкуниҳоро пешгирӣ ва бартараф намоянд.

Мутобиқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Аз ин ҷиҳат истифодаи самараноку оқилонаи замин яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, шарти асосии баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд мебошад.

Маълум аст, ки 93 фоизи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳҳо ва танҳо 7 фоизашро заминҳои ҳамвор ташкил медиҳанд ва таъмини талаботи рӯзмарраи аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Он ба риояи дақиқ ва иҷрои бемайлони қонунгузории замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ вобастагии зич дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудаанд:  «Замин – боигарии асосии кишвари мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи мардуми он аз рӯи бисёр омилҳо вобаста ба он аст, ки мо муносибати худро ба замин  чӣ гуна  ба роҳ мемонем».

Ҳамаи ин  аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо  ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр намудани назоратро дар самти риояи қонунгузории замин, аз ҷумла ҳифзи заминҳои ҳосилхез, пешгирии ғайриқонунӣ тақсим намудан, хариду фурӯш ва худсарона ишғол намудани қитъаҳои заминро талаб менамояд.

 

Август 31, 2019 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад