«БО АҲЛИ ҲУНАР НИШИНУ ШАХСИ ДОНО…». Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ рӯнамоӣ гардид

Сентябрь 6, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 06.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии «Куллиёт»-и шоир, хаттот, равшанфикр, сайёҳ ва орифи бузург Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ доир гардид. Дар маросими рӯнамоии он Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, аҳли илму адаб, олимон, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

«Куллиёт» бо дастур, супориш ва маблағгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал  ба бехато аз ҷониби Нашриёти «Адиб»  чоп гардид.

Куллиёти мазкур бо сифати баланд ва теъдоди 5000 нусха нашр ва дастраси дӯстдорони каломи мавзун гардидааст.

Ҳамоишро директори Нашриёти «Адиб», шоир ва публисист Давлат Сафар оғоз  намуда, иброз дошт, ки «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ яке аз суханварони орифу фарзона, мутафаккир, соҳибфазилат ва шоири сухансанҷу нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардида, осори рангину арзишмандаш мазраи дилҳоро шодоб мегардонад».

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ  иброз дошт, ки соли гузашта 150-солагии Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртиро таҷлил намуда будем. Имсол онро ба рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалии Юнеско пешниҳод намудем, то ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда шавад.

Зикр гардид, ки «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ бори  аввал соли 1913 дар Тошканд ба табъ расидааст. Эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта мавриди таваҷҷуҳи донишманд ва муҳаққиқи шинохта Сайидумар Султонов қарор гирифта буд. Мавсуф нусхаҳои беҳтарин ва саҳеҳтарини дастхатҳои шоирро ҷамъ оварда, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дод.

Ҳамчунин  ӯ соли 1962 осори гаронбаҳои ӯро, ки аз ғазал, мухаммас, марсия, рубоиҳо, инчунин манзумаи «Комде ва Мадан» иборат буданд, мураттаб сохт.
Соли 1998 нашриёти «Ирфон» «Куллиёт» — и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро бо ду хат: кириллӣ ва арабӣ ба табъ расонд.

Хоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ соли 1868  дар деҳаи Қарамиши Кангурти вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Падари шоир яке аз шахсони фозил буда, дар тарбия ва таълими фарзанд ҳиссаи арзанда гузоштааст. Ӯ таълими ибтидоиро дар ин мадрасаҳо аз донишмандони исломӣ мегирад. Сипас, ба шаҳри Бухоро рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашидӣ таҳсил мекунад. Ӯ дар он ҷо на танҳо улуми расмии замонаш, балки илми калом, ҳунарҳои  гуногуни нафиса, амсоли хушнависӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва муҳрканиро омӯхта, устод мегардад.

Тавре аз таълифоти ба шоир рабтдошта бармеояд, вай дар хаттотӣ истеъдоди фавқулода дошта, аз хушнависони чирадасти бухороӣ навъҳои гуногуни хати арабӣ, амсоли насх, таълиқ, сулс, настаълиқ, куфӣ, райҳонӣ,  руқум, нохунӣ, ёқутӣ, ёқутии зулфомез, ғубор, қуръонӣ, китобӣ, тавъам ва ғайраро омӯхта, дар хушнависӣ шуҳрати беандоза пайдо мекунад. Ҳамчунин роҷеъ ба ҳунари хушнависӣ рисолае бо номи «Хутутиа ашколи исломия» таълиф карда, дар бораи 62 навъи хати арабӣ маълумот медиҳад.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ аз овони наврасӣ ба иншои шеър оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳ чун шоири соҳибном эътироф гардид.

Устодони сухан эътироф кардаанд, ки ӯ дар эҷоди шеър тахайюли рангин ва дар хушнависию наққошӣ истеъдоди нодир доштааст. Аксари тазкиранависон ба ашъори рангину ширин ва пурмаънои Ҳоҷӣ Ҳусайн баҳои  муносиб ва баланд додаанд.

Ривояте ҳаст, ки гӯё шоир ҳангоми сафари ҳаҷ дар яке бандарҳои Туркия ба киштие савор мешавад, ки ба Миср равад. Аммо киштӣ ба Франсия мерафтааст ва ӯ бо ин баҳона Франсия, Германия ва Австрияро саёҳат мекунад, бо тарзи зиндагӣ ва фарҳангу тамаддуни кишварҳои пешрафта шинос мешавад. Сипас, ба Арабистон рафта, Хонаи Худоро зиёрат мекунад ва ба худ тахаллуси Ҳоҷиро интихоб мекунад. Ҳоҷӣ Ҳусайн чанд сол кишварҳои Шарқро саёҳат намуда, тавассути киштӣ ба Аврупо, сипас ба Россия меравад.

Аз Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ ба мо 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддас иборат аз 28 банд, 97 рубоӣ, манзумаҳои «Василат — ун — наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб — ул — ахбор фи табақот — ус — салотин» ва маснавии «Комде ва Мадан» омада расидаанд. Илова ба ин, боз як мероси адабии пурқимати Ҳоҷӣ- ин рисолаи «Хутути ашколи исломия» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ солҳои охири умр дар мадрасаи зодгоҳ — Кангурт ба шогирдон аз фиқҳ ва сарфу наҳв дарс мегуфт. Ӯ дар авҷи камоли эҷодӣ, соли 1922, ҳамагӣ  дар синни 41 вафот намудааст. Ба қавли шоири зиндаёд:

Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно,

Гар заҳр диҳад, бихӯр чу шаҳду ҳалво.

В-аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил,

Пайванд агар бувад, табарро бинмо.

Сентябрь 6, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид