Дар Қоҳира ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб сурат гирифт

Ноябрь 29, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 29.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ бо иштироки  ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳамраиси қисми мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб Саҳар Наср ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мухталиф ва гуногунсамти ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва  фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, электроэнергетика ва энергияи барқароршаванда, гумрук, тандурустӣ, фарҳанг, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, ВАО, коммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, археология, муҳандисӣ ва санъати меъморӣ, ҳифзи муҳити зист, ҷавонон, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва ҳамкорӣ байни палатаҳои савдои ду давлат мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар интиҳои маҷлис Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, аз ҷумла Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»-и назди  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи кулли сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди Миср «GAFI» дар бораи густариши муносибатҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Арабии Миср ба имзо расонида шуданд.

Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ кори худро дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расонид.

Ноябрь 29, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд