«Фотеҳи қуллаи ормонҳои миллат», — таҳти ин унвон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон конференсия баргузор гардид

Ноябрь 30, 2019 13:03

ДУШАНБЕ, 30.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фотеҳи қуллаи ормонҳои миллат»  баргузор гардид. Конференсияи мазкур  дар доираи  нақшаи  чорабиниҳои донишкада бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он  роҳбарият, устодону донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин олимон, коршиносон, кормандони  муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии мамлакат иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конференсияро ректори донишкада, профессор  Маҳмадулло Раҷабзода ифтитоҳ намуда,  аз ҷумла зикр кард, ки  дар тӯли таърих тоҷикон ба марҳилаи ҳассосу тақдирсози зиёд рӯ ба рӯ гардидаанд. «Хушбатона, ин миллати  соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дар ҳама давру замон, ҳатто дар мудҳиштарин давру замон бо шарофати зуҳури шахсиятҳои фарзона дар арсаи сиёсат ва илму фарҳанг аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, ба сӯи ваҳдату ҳамбастагӣ ва саодату пирӯзӣ раҳсипор гардидааст. Мо, давомдиҳандагони ин  миллати тамаддунофар бояд, ин анъанаи неки  ниёгонро идома дода, бо созандагию ободкорӣ Тоҷикистони шукуфоро  ба ояндагон  мерос  гузорем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин фарзандони  фарзонаи миллати мост, ки дар замони басо ҳассосу душвори таърихи миллат зимоми давлатдориро ба даст гирифта,  ҷомеаи моро  ба сӯи  созандагию ободӣ ва ояндаи дурахшон раҳнамоӣ мекунанд».

 Устоди ҳамин  донишгоҳ Ҳабибулло Нарзуллоев  иброз дошт, ки «Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   маорифро омили муҳими таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд ва дар сиёсати хеш онро  дар ҷои аввал мегузоранд. Пешвои миллат зарурати таълиму тарбияи мутахассисони забондон ва дар бозори меҳнат рақобатпазирро пайваста ба сифати яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ таъкид менамояд».

«Ин дастуру ҳидоятҳои  Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки бо дарки масъулияти баланд ва худшиносӣ дар татбиқи  онҳо   тамоми имкониятҳоро истифода барем. Рисолати мо ин аст, ки  мутахассисони баландихтисос, забондону хештаншинос, бонангу номусро ба воя расонем, то ин ки онҳо  ворисони арзандаи Пешвои хеш, фотеҳи қуллаи ормонҳои миллат  бошанд»-афзуд  номбурда.

Дар конференсия  таъкид гардид, ки имрӯз ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ бо камоли эҳтиром  қабулу ҷонибдорӣ  мегарданд, ки онҳо обрӯи Тоҷикистонро дар  сатҳи ҷаҳон боло бурдаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки   29 ноябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Бо қарори Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал, ба таври гузариш, ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 раисӣ  дар ин Хазинаи Байналмилалӣ  ба Тоҷикистон вогузор шуд ва  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид, ки бори дигар аз нуфузи мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.

Ноябрь 30, 2019 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад