Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

Ноябрь 6, 2019 07:22

ДУШАНБЕ, 06.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 06-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.

Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.

Айни замон дар ҷойи ҳодиса, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.


Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ

 

Ноябрь 6, 2019 07:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Фахробод» машқҳои муштараки сулҳҷӯёнаи «Бародарии шикастнопазир — 2025» доир мегарданд
Машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» расман оғоз гардиданд
НАМУНАИ ИБРАТ. Дар Спитамен се даъватшаванда аз як оила ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» дар Самарқанд иштирок дорад
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват дар Тоҷикистон 78 фоиз иҷро гардид
Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Хадамоти Федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе беш аз 20 садамаи нақлиётӣ бо иштироки скутер ва худравҳои барқӣ сабт карда шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар пленум ва анҷумани созмонҳои мудофиавии ИДМ иштирок намуд
Дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва фаъолияти баъзе бозорҳои марказӣ қатъ карда мешавад
Дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад