Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисосҳои нав роҳандозӣ мешаванд

Февраль 7, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бо пешниҳоди роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои 5 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр, 9 ихтисос дар зинаи магистратура ва 4 ихтисос дар зинаи доктор (PhD) иҷозатнома дод.  Ин нуктаро  ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Муҳриддин Низомӣ 6 феврал зимни нишасти хабарӣ  иброз дошт.

Бино ба зикри номбурда,  ихтисосҳои наве, ки дар зинаи бакалавр барои қабул иҷозат дода шуданд, аз кори ноширӣ, таҳсилоти ибтидоӣ (санъати мусиқӣ), WEB-журналистика, санъатшиносӣ, иттилоот ва робита бо ҷомеа иборат мебошанд.

«Дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  фаъолияти 5-солаи донишкадаро мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷа аз ҷониби коршиносони хадамот фаъолияти илмӣ-таълимии донишкада мусбат арзёбӣ гардида, барои фаъолияти 5 соли минбаъда иҷозат дода шуд»,- гуфт номбурда.

Ҳамчунин ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ илова намуд, ки дар самти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба дарёфти грантҳои хориҷӣ лоиҳаи пешниҳоднамудаи донишкада дар мавзӯи «Фестивали байналмилалии «Шарқ ва Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар ҳавзаи фарҳангии ИДМ» аз ҷониби МФГС (ХБҲГ) тасдиқ гардид. Инчунин 3 лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарёфти грант дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» пешниҳод гашта, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дутои он пурра дастгирӣ ёфта, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ 6 монография ба нашр расида,  аз ҷониби магистрону докторон (PhD) ва унвонҷӯён 36 мақолаи илмӣ дар  маҷаллаҳои илмӣ, аз ин 26 мақола дар маҷаллаҳои  тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  интишор ёфтанд. Дар ин давра маҷмӯаи «Се соли рушди ҳунару истеъдод», ки фаъолияти гуногунҷанбаи донишкадаро дар солҳои 2017-2019 дар бар мегирад, ба нашр расид.

Февраль 7, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд
Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
Дар Ховалинг бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид
Дар Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» беш аз 30 филм намоиш дода мешавад
Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери дар Хуҷанд сурудҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо фарҳанги қадимаи миллати тоҷик аз наздик шинос гардид
Ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш 59 ҳазор нусха адабиёт ворид гардид
Дар Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи фалак чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд
ФАЛАК-ИФОДАИ РОЗУ НИЁЗ, ТАЛАБУ ХОСТАҲОИ МАРДУМ. Ин мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия, Эрон ва Қирғизистон баргузор мегарданд
Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои таърихи халқи тоҷик шинос шуд