«НАБАРЕД, НАБИЁРЕД!». Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон чунин тавсия додааст
ДУШАНБЕ, 03.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Аз ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон зимни номае хоста шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз «вируси тоҷдор» ё «коронавирус» аз ташкили саёҳати шаҳрвандони дохилию хориҷӣ худдорӣ кунанд. Ин вирус то 1 март ба 58 кишвари ҷаҳон сар халондааст, навиштааст имрӯз Sputnik.
Тавре Sputnik бо истинод ба ин нома навиштааст, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хоҳиш кардааст, ки муваққатан аз ташкили саёҳати шаҳрвандони дохилию хориҷӣ худдорӣ кунанд.
Далели ин тасмим дар нома шуюъ ё сар задани «вируси тоҷдор» ё «коронавирус» дар як қатор кишварҳои ҷаҳон гуфта мешавад ва Кумита ҳам ин тасмимро дар такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.
Ширин Амонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи ин нома ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ин тасмим дар машвара бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва барои ҳифзи ҷону амнияти сайёҳони ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ гирифта шудааст.
«Аммо ин як тасмими муваққатист ва мо ҳам ба ширкатҳо тавсия додаем, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳати ҳам шаҳрвандони дохилӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои дигар аз хориҷ ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд. Ин тадобир ба хотири эмин нигаҳ доштани шаҳрвандони кишвар аз ин маризии сироятист, ки рӯз ба рӯз дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад», — гуфтааст Ширин Амонзода.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 202 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд. Қаблан Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз ширкатҳои ҳавонавардӣ хостааст, барои шаҳрвандони 35 кишвари ҷаҳон аз фурӯхтани чиптаҳои ҳавопаймоӣ худдорӣ кунанд, менависад дар идома Sputnik.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, то 1 марти соли равон дар сатҳи ҷаҳон 88 ҳазору 948 (1804 мавриди ҷадид) нафар ба «вируси тоҷдор» гирифтор шудаанд. Шумораи гирифторон дар Чин ба 80 ҳазору 174 (206 мавриди ҷадид) расида, теъдоди фавтидагон ба 2915 нафар (42 мавриди ҷадид) расидааст. Аммо, бино ба ин манбаъ, густариши ин маризӣ дар хориҷ аз Чин афзуда, фақат тайи 24 соати рӯзи 1 март ҷуғрофиёи он ба шаш кишвар — Арманистон, Чехия, Ҷумҳурии Доминикан, Луксембург, Исландия ва Индонезия (рӯзи 29 феврал панҷ кишвар – Озарбойҷон, Эквадор, Ирландия, Монако ва Қатар) густариш ёфта, теъдоди кишварҳои гирифтор ба 64 афзудааст.
Ҳамин тавр, дар ин кишварҳо 8774 маврид (1598 мавриди ҷадид) таъйид шуда, фавти одамон ба 128 нафар (24 мавриди ҷадид) расидааст.








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






