Дар Деваштич Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор шуд

Апрель 12, 2020 08:56

ДУШАНБЕ, 12.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи марказии кӯдаконаи ноҳияи Деваштич  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» баргузор шуд.

Дар фестивал намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, масъулони клубу китобхонаҳо, шоирон, навқаламон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Кӯдакон, наврасон ва ҷавонон аз ашъори шоирон шеърҳо дар васфи китоб, модар, Ватан, устод бо ҳисси баланди ватандӯстӣ қироат намуданд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич хабар доданд, мақсад аз баргузории фестивал баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, ҷалби кӯдакону наврасон ба хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва пайгири намудани анъанаи пурарзиши китобдӯстӣ мебошад.

Фестивалро барномаи консертии ҳаваскорони ноҳия шукӯҳу шаҳомати хосса бахшид. Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бахши фарҳанги ноҳия сазовор гардиданд.

Апрель 12, 2020 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид