Дар Бонки миллӣ ситод оид ба пешгирии таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсис ёфт

Май 4, 2020 10:08

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон  баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ ва бо мақсади пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемия Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия намуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситод ташкил додааст. Дар ин хусус аз Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бо мақсади тақвияти корҳо дар бозори пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, истифодаи фишангҳои самараноки пулию қарзӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ БМТ тадбирҳои зеринро андешида истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти мамлакат ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар намуд.

Захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои асосии татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро, ки барои назорати унсурҳои пулӣ (дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот) истифода мешавад, ифода мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимоли зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи cирояти нави коронавирус (COVID-19) вобаста, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд. Иқдоми мазкур метавонад имкониятҳои молиявии ташкилоти қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.

Паҳншавии бемории коронавирус (СOVID–19) дар ҷаҳон ва тағйирёбии нархи нафт ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонида, ҷорӣ намудани ҳолатҳои карантинӣ дар мамлакатҳои шарикони стратегӣ, баста шудани сарҳадҳо ва давомёбии чунин ҳолатҳо метавонад хафвҳои эҳтимолиро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат баланд бардошта, фаъолияти самараноки низоми бонкии кишварро халалдор намояд.

Вобаста ба ин, бо назардошти муҳимияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ БМТ ташкилоти қарзии молиявиро вазифадор намудааст, ки нақшаи чорабинии дахлдор омода намуда, ҷараёни иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Дар баробари ин, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти воридотивазкунанда бо назардошти пешгирии хавфҳои бонкӣ тавсияҳои дахлдор дода шуд.

Ба ташкилоти қарзии молиявӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо назардошти таъмини ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли 2020 фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зараровари худро муваққатан мавқуф гузоранд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии  низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилоти қарзии молиявиро аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми автоматишудаи байнибонкӣ (RTGS) ва низоми автоматишудаи байнибонкӣ (АБС) то 01 сентябри соли 2020 озод карда, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия додааст, ки ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкиро ба мизоҷони худ таҷдиди назар намоянд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои пешниҳоднамудаи ташкилоти қарзӣ, айни ҳол ташкилоти қарзӣ вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доранд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.

Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси сироятии COVID-19 тадбирҳои дахлдор андешида, лавозимоти санитарӣ-гигиениро дар ташкилоти хеш таъмин намоянд.

Бо зуҳури пандемияи   COVID-19 дар Осиёи Марказӣ, БМТ ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои марбута пешниҳодҳоро оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва низоми бонкӣ ирсол намуд.

Май 4, 2020 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ба маблағи 30,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Вилояти Суғд бо ширкати «Инсян Групп»-и Чин оид ба истеҳсоли мошинҳо ҳамкорӣ менамояд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ғуфрониён» ва «Сӯфизода»-и ноҳияи Мастчоҳ 40 фоизи пахта барои ҷамъоварӣ омода аст
Рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст
Имсол маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Душанбе конференсияи минтақавӣ оид ба ояндаи «сабз» дар бахши таъмини гармӣ доир гардид
«AQCA 2024». Дар Алмато Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво доир шуд
Дар Душанбе нахустин Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти беҳсозии иншооти роҳ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ маъруза намуд
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд масоили ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар самти маблағгузории савдо баррасӣ гардид