Дар Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 доир гардид

Май 21, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 21.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 май таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода, намояндаи масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар вилояти Суғд доир гардида, зимни он бори дигар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи бемории сироятӣ ба маълумоти табибон ва роҳбарони муассисаҳои тиббии вилоят расонида шуд.

Баъди шунидани ҳисоботи масъулини соҳа муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода раёсати тандурустии вилоятро вазифадор намуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат дар беморхонаҳои аз бемории сироятӣ холишуда корҳои безараргардониро оғоз намуда, ин муассисаҳоро тадриҷан ба ҳолати пешинаи муқаррарӣ баргардонанд.

Дар интиҳои ҷаласа ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас манзур гардида, ҳамзамон таъкид карда шуд, ки нисбат ба ин беморӣ ба бепарвоӣ роҳ дода нашуда, корҳо дар ин самт пурзўр карда шаванд.

Сафари кории масъули Ҳукумати Тоҷикистон Ширин Исматуллозода барои пешгирии бемории коронавируси COVID-19 дар вилояти Суғд давом дорад.

Май 21, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон