Дар Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 май таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода, намояндаи масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар вилояти Суғд доир гардида, зимни он бори дигар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи бемории сироятӣ ба маълумоти табибон ва роҳбарони муассисаҳои тиббии вилоят расонида шуд.
Баъди шунидани ҳисоботи масъулини соҳа муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода раёсати тандурустии вилоятро вазифадор намуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат дар беморхонаҳои аз бемории сироятӣ холишуда корҳои безараргардониро оғоз намуда, ин муассисаҳоро тадриҷан ба ҳолати пешинаи муқаррарӣ баргардонанд.
Дар интиҳои ҷаласа ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас манзур гардида, ҳамзамон таъкид карда шуд, ки нисбат ба ин беморӣ ба бепарвоӣ роҳ дода нашуда, корҳо дар ин самт пурзўр карда шаванд.
Сафари кории масъули Ҳукумати Тоҷикистон Ширин Исматуллозода барои пешгирии бемории коронавируси COVID-19 дар вилояти Суғд давом дорад.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






