«ТОҶИКИСТОНИЁН БОЯД БИДОНАНД, КИ МО ҲАМЕША ОНҲОРО ДАСТГАРӢ МЕКУНЕМ ВА БА ОНҲО МАДАД МЕРАСОНЕМ!». Чунин иброз доштааст роҳбарияти итолиёвии Ширкати «Салини Импреҷило»

Май 7, 2020 16:13

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати сохтмонии «Салини  Импреҷило»-и Италия ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 000 ниқобҳои тиббӣ барои рӯй, 1000 респиратор, 500 ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, 10 000 ҷуфт дастпӯшҳо, 1000 ҷуфт айнак, 200 литр хлор  кумак намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба истинод ба сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

«Роҳбарияти ин ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ иброз доштааст, ки дар ин рӯзҳои барои мардуми Тоҷикистон душвор, ки  бар асари паҳншавии вируси «COVID-19» ба миён омадааст, онҳо  дар канор  буда наметавонанд. Ширкат кӯшиш менамояд, ки дар барқарор намудани саломатии сироятёфтагони ин беморӣ ва пешгирии ин бемории сироятӣ  саҳми арзанда гузорад. Онҳо таъкид намуданд, ки  тоҷикистониён бояд бидонанд, ки мо ҳамеша дастгиру мададрасони онҳоем»,-  хабар медиҳад  манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки ширкати сохтмонии «Салини  Импреҷило» дар сохтмонии Неругоҳи барқи обии Роғун  фаъолият намуда,   кӯшишҳои Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии «COVID-19» дастгирӣ мекунад ва , дар ин самт ёрии  худро дареғ намедорад.

Роҳбарияти ширкати сохтмонии «Салини  Импреҷило»  тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии «COVID-19»  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мадад  расонад.

                                                                                  АКС аз бойгонӣ

Май 7, 2020 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ба маблағи 30,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Вилояти Суғд бо ширкати «Инсян Групп»-и Чин оид ба истеҳсоли мошинҳо ҳамкорӣ менамояд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ғуфрониён» ва «Сӯфизода»-и ноҳияи Мастчоҳ 40 фоизи пахта барои ҷамъоварӣ омода аст
Рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст
Имсол маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Душанбе конференсияи минтақавӣ оид ба ояндаи «сабз» дар бахши таъмини гармӣ доир гардид
«AQCA 2024». Дар Алмато Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво доир шуд
Дар Душанбе нахустин Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти беҳсозии иншооти роҳ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ маъруза намуд
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд масоили ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар самти маблағгузории савдо баррасӣ гардид