«Бӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар…». Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд

Март 20, 2025 13:16

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона бо намоиши ҳафтсину ҳафтшин, либосҳои атласу адрасу чакани тоҷикӣ, кашидадӯзиҳои миллӣ ва рамзи Наврӯз-сабзаи суманак доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз намуд, ки «барои мо, тоҷикон боиси ифтихор аст, ки ҷаҳонишавии Наврӯз натиҷаи иқдоми пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром дорад ва онро чун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоию бедории табиат эътироф менамояд».

Наврӯз бо нақши созандааш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбутта, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсимии баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз  тоҷикон ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандию арҷгузории беандоза таҷлил намуда, беҳтарин орзую ормонҳояшонро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Сайдалӣ Бобохонзода дар ҳамоиш Наврӯзро оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав унвон намуда, баён дошт, ки Наврӯз ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи Замин буда, мақоми он дар фарҳанги тоҷик ва ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. «Ин ҷашни аҷдодии мо шукуҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату замин, неруи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкорию накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ин ягон боду газанди рӯзгору зарбаҳои таърих натавонист Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси онро аз байн барад»,-изҳор дошт ӯ.

Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Наврӯз ва тамоми суннатҳои наврӯзӣ намунаи баланди одобу маърифат ва некию ҷавонмардӣ, хайрхоҳӣ, сулҳу нишот ва хушбахтии одамизод мебошанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2025 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад
Дар Душанбе ҳамоиши тантанавии «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид