Ба ифтихори Наврӯз дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон базми идона доир шуд

Март 23, 2025 13:30

ЁВОН, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми наҷиби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон  бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки роҳбарияти ноҳия дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон базми идона доир карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиши идона иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ятимону бепарасторон, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, ҳамеша таҳти ғамхорӣ қарор доранд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «ман ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторонро, ки бо ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, танҳо намегузорам».

Меҳмонон бо маҳсули даст ва ҳунари зебои таълимгирандагон, сифати таълим ва шароити буду боши онҳо шинос шуданд.

Барои болидаруҳии ятимони ин даргоҳ  барномаи ҷолиби фарҳангии наврӯзӣ пешниҳод карда шуд.

Дар айни замон  дар ин муассиса  169 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тадрис фаро гирифта шуда ва ба таври доимӣ аз дастгирию ғамхориҳои доимии давлат  бархӯрдор мебошанд.

Хонандагони ин муассиса ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Онҳо дар  ин даргоҳи илму адаб донишҳои муосирро азхуд карда, дар ободию шукуфоӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Март 23, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад
Дар Душанбе ҳамоиши тантанавии «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид