Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзро бо намоиши оинҳои қадимӣ таҷлил намуданд

Март 24, 2025 13:10

ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиа хабар доданд.

Директори муассиса Асҳобиддини Шералӣ иброз дошт, ки воқеъан бо ташаббусу талошҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни байналмиллалӣ эълон гардид.

«Наврӯз барои мардуми мо натанҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагию ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмуъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд», — афзуд Асҳобиддини Шералӣ.

Дар идома ба як қатор омӯзгорони литсей барои хизматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.

Сипас,  барномаи рангини театрӣ  намоиш дода шуд. Аз ҷониби хонандагони соҳибистеъдоди муассиса барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ, ки  фарогири шеъру таронаҳои наврӯзӣ ва рақсу суруд буд,  пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки иштирокдорон  ҷашни Наврӯзро бо оростани дастархони идонаи наврӯзӣ, баргузории бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши суннатҳои қадимаи аҷдодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як руҳияи баланд таҷлил намуданд.


АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе»

Март 24, 2025 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад
Дар Душанбе ҳамоиши тантанавии «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид