Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шуъбаи эндовидеоҷарроҳӣ ба истифода дода шуд

Март 24, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон шуъбаи эндовидеоҷарроҳӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бори аввал ба беморхона дастгоҳи муосири эндовидеоҷарроҳӣ дастрас карда шуд, ки минбаъд мутахассисон бо истифода аз он метавонанд ҷарроҳиҳои гуногунро бо усули нав, яъне бе буриш ва бо сатҳу сифати баланд гузаронанд.

Мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рафта, давоми 10 рӯз якҷоя бо табибони беморхона амалиёти ҷарроҳиро бо усули нав ва бо истифода аз ин дастгоҳ анҷом медиҳанд. Аллакай аз ҷониби мутахассисони вазорат ва табибони беморхона 3 амалиёти ҷарроҳӣ дар самти гирифтани талха ва гирифтани рӯдаи кирмшакл бо истифода аз дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ бо муваффақият гузаронида шуд.

Дар оянда роҳбарияти беморхона тасмим гирифтааст, ки ҷарроҳии бемориҳои урологиро низ бо истифода аз дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ гузаронанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 24, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода 4 ҳолати риоя накардани қонун ошкор карда шуд
Зарардидагони заминларзаи водии Рашт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд
Вазъи саломатии сокинони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод таҳти назорат қарор дорад
Дар Тоҷикистон яке аз нодиртарин ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар гузаронида шуд
Ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» муайян гардиданд
Имкониятҳои сайёҳии табобатии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе даври ниҳоии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор мегардад
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ иштирок намуд
ОГОҲӢ. Хатари лағжиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон то 10 апрел боқӣ мемонад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор мегардад
Доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад