Дар Тоҷикистон яке аз нодиртарин ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ нодиртарин ҷарроҳиҳо дар шараёнҳои майнаи сар муваффақона амалӣ мегарданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, табибон як сокини мамлакатро, ки бо нишонаҳои маҳкамшавии тромбоз ва акрузия, яъне маҳкамшавии шараёни хоб бистарӣ гардида буд, ҷарроҳӣ намуданд. Бемор дар ҳолати сактаи майнаи сар, нимфалаҷи тарафи рости бадан, вайроншавии нутқ, тағйири ақл ва рафтор қарор дошт. Чунин амалиёти ҷарроҳӣ маротибаи аввал дар мамлакат гузаронида шуд.
Табиби ҷарроҳи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» Назрулло Раҳимов иттилоъ дод, ки зимни амалиёти ҷарроҳӣ ба бемор анастомози шараёни болои чакка бо шараёнҳои дохили майнаи сар гузошта шуда, бо ёрии ҷарроҳӣ маҳкамшавии шараёни хоб пурра бартараф карда шуд. Баъд аз ҷарроҳӣ бемор дар ҳолати хуб қарор дошта, ҳаракат дар дасту пой, инкишофи нутқ ва беҳтар гардидани хотираи ӯ дида мешавад.
Баъди муваффақона гузаронидани чунин амалиёти ҷарроҳӣ минбаъд табобати ин гуна беморон дар мамлакат бештар мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд






