Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» муайян гардиданд

Апрель 12, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ҷумҳуриявии  озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Озмун аз рӯйи 6 номинатсия: «Беҳтарин ороиши дастархон», «Эҳёи таомҳои миллии азбайнрафта», «Омода намудани қурутоб», «Омода намудани рубич», «Омода намудани хӯриши миллӣ», «Омода намудани кулчақанди миллӣ» баргузор гардида, ғолибони он қадрдонӣ шуданд.

Зимни ҷамъбасти озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки “тарғиби ҳунари асили фарҳанги кадбонугии занону духтарони тоҷик, гиромидошти шахсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, арҷ гузоштан ба ҳунари кадбонуҳо, завқи дастархонороӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ ва анъанаҳои ороиши миллӣ рукнҳои муҳими арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошанд. Истеъдоди нотакрори ҳунармандии занону духтарони тоҷик онҳоро ҳамчун занони бохираду порсо, созандаву офаранда, фарҳангиву фарҳангсолор муаррифӣ менамояд”.

Ҳамин аст, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкасбу соҳибдониш гардидани занону духтарон, ҷалби занон ба омӯхтани касбу ҳунар, ҳамзамон бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

«Баргузории  чунин намоишгоҳҳо, озмунҳо, фестивалҳои  ҷумҳуриявӣ имконият медиҳад, ки паҳлуҳои нозуки санъати асили ҳунармандӣ, кадбонугӣ, маърифати оиладорӣ, сарфаву сариштакорӣ мавриди истифода қарор гирифта, беҳтарин ҳунармардон қадршиносӣ карда шаванд. Ин васила барои пайдо намудани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши расму оин, мероси ниёгон, анъанаи миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа такони хуб мебахшад»,-изҳор дошт муовини Сарвазири мамлакат.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгони шарафманди тоҷик дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои миллии маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ соли 7-ум аст, ки дар мамлакат гузаронида мешавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти ҳунармандии занон- ин ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занони ҳунарманд, соҳибзавқ ва кадбонуҳои моҳир ба эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойи нави кор мебошад.

«Итминони комил дорем, ки бо баргузор намудани чунин озмунҳои тарғиботӣ-маърифатӣ теъдоди зиёди занону духтарони соҳиби касбу ҳунар ва ҷойи кори доимӣ зиёд мегардад»,-гуфт Бунафша Файзиддинзода.

Иброз гардид, ки дар идомаи мантиқии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи бештари таомҳои миллии аз байн рафта ва муаррифии маҳорату ҳунари кадбонугии занону духтарони тоҷик тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳоии иҷтимоӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни навбатӣ таҳти унвони «Эҳёи таомҳои миллии маҳаллии аз байн рафта ва тарзи оростани дастархон» ба роҳ монда шудааст. Ин озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025» дар се давр гузаронида мешавад.

Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани кадбонуҳои беҳтарин аз маҳаллаҳо, деҳа, деҳот, шаҳраку ҷамоат, шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз моҳи феврал то моҳи март ва даври ҷумҳуриявии он дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ғолибони ду даври озмун ва кадбонуҳою ҳунармандон баргузор гардид.

Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» имсол соли ҳафтум аст, ки дар мамлакат бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ гузаронида шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 12, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон оид ба дарки коррупсия таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ анҷом дода шуд
Дар «Боғи Ирам» Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» доир мегардад
Аввалин таҳқиқоти Маркази яхшиносии Тоҷикистон оид ба тавозуни зимистона гузаронида шуд
Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид
«Корвони саломатӣ». Ба сокинони деҳоти дурдасти вилояти Суғд хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Наваскарони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон савганди садоқат ёд намуданд
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври сеюми Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мешавад
Дар Хатлон ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ туҳфаҳои моддию молиявӣ тақдим карда шуд
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»
ҲИФЗИ ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ. Ин амал барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан вазифаи муқаддас аст
Дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд
ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ. Чаро баъзе аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?