Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври тантанавӣ таҷлил мегардад

Март 20, 2025 15:35

ДУШАНБЕ, 20.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва муассисаҳои таълимӣ дар доираи Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд. Зимни онҳо аз ҷониби ташкилкунандагон оинҳои наврӯзӣ иҷро мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз ҳамоиши идона баргузор шуд.

Ҳайати ҳакамон бо дастархони наврӯзии факултетҳо, ки тибқи озмуни эълоншуда бо таомули наврӯзӣ густурда шуда буд, шинос гардид.

Директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода иброз намуд, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғанию рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносию худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст. Наврӯз тарғибгари арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ин ҷашни бостониро хурду бузурги мардум, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ бо шодиву нишот ва дастҷамъона таҷлил менамоянд.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчунин дар кӯдакистони «Наврӯзи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд ва ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 15-и шаҳри Бӯстон дар фазои идонаю беғаши кӯдакона таҷлил гардид.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода иброз намуд, ки Наврӯзи оламафрӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳорию иваз шудани сол фаро мерасад. Наврӯз даврае аст, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва он ба кулли инсону мавҷудот руҳу равони тоза бахшида, онҳоро ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Март 20, 2025 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад
Дар Душанбе ҳамоиши тантанавии «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид