Дар Суди шаҳри Душанбе Рӯзи Модарро бошукуҳ ҷашн гирифтанд

ДУШАНБЕ, 08.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши бошукуҳ баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Раиси Суди шаҳри Душанбе Лоиқ Зикирзода вобаста ба мақоми Зан-Модар дар ҷомеа иброз дошт, ки занону модарон сарчашмаи ҳаёт ва зебоии зиндагии мо мебошанд. Вақте, ки номи модарро ба забон меорем, аллакай дар пеши назарамон симои азизтарин ва зеботарин шахсе, ки вуҷудаш пур аз шуълаи ишқу муҳаббат ва меҳру садоқат ба фарзанд аст, намудор мегардад. Чеҳраи гарму пур аз нури Модар мисоли хуршеди ҷаҳонтоб аст, ки бо меҳру муҳаббат ва самимият қалбҳоро рушан месозад.
«Зан-Модар дар ҷомеаи мо нақши асосӣ дорад. Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад. Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа фаъолияти самарабахш намуда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд. Воқеан ҳам боиси ифтихор аст, ки модари тоҷик имрӯз дар пешрафти Ватан камар баста, дар радифи мардони меҳан ба миллату давлат хизмат менамояд»,- иброз намуд Лоиқ Зикирзода.
Сардори шуъбаи коргузории Суди шаҳри Душанбе Даврон Назирмадзода гуфт, ки «воқеан ҳам модари тоҷик барои миллати тоҷик мардони асилу ватандӯст ба дунё оварда, бо маърифату хиради хеш онҳоро ба камоли бузургию инсонӣ расонидааст. Модари тоҷик худ қаҳрамон аст, ки қаҳрамонҳоро ба дунё овардааст».
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Занону модарони мамлакат қувваи бузург ба ҳисоб рафта, бо донишу маърифати худ метавонанд дар пешрафти ҷумҳурӣ ҳисса гузоранд.
Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат барои ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ тадбирҳо андешида, ин ҳадафро густариш медиҳад.
Сипас, аз ҷониби роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе занони ин ниҳод бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»