Дар вилояти Хатлон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид

Март 22, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2025./АМИТ «Ховар»/. 21 март дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Барномаи ҷашн бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои наврӯзӣ оғоз гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ изҳор намуд, ки Наврӯз на танҳо оғози сол ва фасли зебои баҳор, балки рамзи умед ба ояндаи нек, фардои дурахшон ва зиндагии пурсаодат аст.

«Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мамлакати мо сол ба сол ободу шукуфон гардида, вилояти Хатлон низ дар самти рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадамҳои устувор мегузорад», — гуфт ӯ.

Иброз гардид, ки Наврӯз дар масири таърих аз тобишҳои сиёсии вақт эмин монда, ҳамчун суннати волои фарҳангӣ то ба имрӯз ҷашн гирифта мешавад. Пайдоиш ва ташаккули он ба умқи дури таърих рафта, бо фарҳанги бузургу оламгири мардуми ориёитабор пайваст мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Март 22, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад