Нишасти коршиносон оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии кишварҳои ИДМ доир мешавад

Март 18, 2025 10:11

ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон нахустин нишасти коршиносонро оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба нақша гирифтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Нишасти коршиносони соҳавӣ дар ҳошияи Форуми байналмилалии операторони «бандарҳои хушк», хизматрасонии нақлиётии логистикӣ ва мултимодалӣ, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО СММ) 26-27 марти соли 2025 дар Бангкок доир мегардад, баргузор мешавад.

Дар оянда афзоиши талабот ба боркашонии байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Дар робита ба ин, инфрасохтори устувори нақлиёти рақамӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор аҳамияти ҳаётан муҳим хоҳад дошт. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2050 талаботи ҷаҳонӣ ба боркашонӣ тақрибан 100 фоиз ва ба мусофиркашонӣ 79 фоиз афзоиш меёбад. Андешидани тадбирҳо дар ин самт муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон қаблан ташаббуси бунёди долони нақлиётии мултимодалиро, ки Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия ва Аврупоро бо ҳам мепайвандад, ба миён гузошта буд. Соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар Тошканд изҳор доштанд, ки ҳарчи зудтар бунёд гардидани долони нақлиётӣ аз Чин то Туркия ва Аврупо тавассути кишварҳои аъзои Осиёи Марказӣ ба афзоиши гардиши бор байни давлатҳо мусоидат менамояд.

Моҳи майи соли 2024 зимни суханронӣ дар ҳамоиши «Рушди долонҳои мултимодалии байналмилалии нақлиётӣ, ки аз кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна мегузаранд», ки дар доираи Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони Ислом: KazanForum» дар Қазон баргузор гардид, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки «корҳо барои истифодаи самараноки долони нақлиётии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон–Туркия» идома дорад. Он яке аз масирҳои кӯтоҳтарин аз Чин тавассути ҳудуди Тоҷикистон ва ин кишварҳо буда, ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат менамояд».

Инчунин даҳ долони афзалиятноки тиҷоратию нақлиётӣ муайян карда шудааст, ки аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд. Ба рушди хатсайрҳои умумии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Туркия ва давлатҳои Аврупо мепайванданд ва дастрасӣ ба бандарҳои баҳриро таъмин менамоянд, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Март 18, 2025 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокчиёни Форуми сайёҳии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» Қалъаи Хуҷандро тамошо намуданд
Тоҷикистон барои сохтмони марказҳои агрологистикӣ хостори ҷалби сармоя аз Арабистони Саудӣ мебошад
Масоили марбут ба бунёди иншооти муҳими стратегӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Корея баррасӣ шуд
Дар Палатаи ҳисоб бо иштироки роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои СҲШ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон хостори таҳкими ҳамкории саноатӣ гардиданд
Ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арманистон баргузор мегардад
Шарҳи дуюми татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Душанбе гузариш ба иқтисоди «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои ангишт баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт карда мешавад
Тоҷикистон Эронро аз муҳимтарин шарикони стратегии минтақавӣ дар Ховари Миёна медонад
Лоиҳаи «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид