Тоҷикистон барои сохтмони марказҳои агрологистикӣ хостори ҷалби сармоя аз Арабистони Саудӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои сохтмону ба истифода додани марказҳои агрологистикӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд аз Арабистони Саудӣ сармоя ҷалб намояд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт дар меҳвари мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон Ар-Рушайдон қарор дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, Вазири нақлиёти Тоҷикистон роҷеъ ба нақшаву лоиҳаҳои мамлакати мо барои рушди минбаъдаи соҳаи роҳу нақлиёт ва инфрасохтори он, ки дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия шудаанд, маълумот дод.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмими Тоҷикистонро барои рушди соҳаи роҳу нақлиёт, ки яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёт ба шумор меравад, нек арзёбӣ намуда, ҷиҳати иштироки ширкатҳои Саудӣ дар татбиқи онҳо изҳори омодагӣ намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои фароҳам сохтани заминаи ҳуқуқи ҳамкорӣ Вазорати нақлиёти Тоҷикистон лоиҳаи созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ байни ду кишварро омода ва барои баррасӣ ба ҷониби Арабистони Саудӣ пешниҳод менамояд.
Иброз гардид, ки моҳи ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёз, дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад. Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба манфиати кор номида шуд.
Таъкид гардид, ки байни ду давлат оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ имконияти зиёд мавҷуд аст. Бунёди марказҳои логистикии муосир ва корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста мешавад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд






