Роҳиоҳанчиёни тоҷик Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо суннатҳои наврӯзӣ истиқбол гирифтанд

Март 24, 2025 11:45

ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин ҳамаи моро ба сӯи рӯзгори ором ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ менамояд. Чунин гуфта шуд дар базмгаҳи наврӯзии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки бо иштироки роҳбарияти корхона ва роҳиоҳанчиён ба таври тантанавӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад, ки дар базми наврӯзӣ роҳбарияти корхона доир ба таърих ва ҷойгоҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таҷлили ботантанаи он дар Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои ҳавзаи Наврӯз аст, инчунин суннатҳои наврӯзӣ сухан гуфт.

Гуфта шуд, ки бо шарофати истиқлолият ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар баробари ҷашни истиқлолият муҳимтарин ҷашни миллии мо эълон шуда, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бо шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Таъкид гардид, ки имрӯз роҳиоҳанчиёни тоҷик Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва саҳмгузорӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон таҷлил менамоянд.

Бо ишора ба ҷаҳонӣ гардидани ҷашни Наврӯз иброз гардид, ки моҳи феврали соли 2010 бо кӯшиш ва ташаббуси Пешвои миллат ва дигар давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул намуд. Бо ин ҷашни фархундаи Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва акнун дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳар ҷашну маросими мардумӣ ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан дар айёми Наврӯз, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад, баргузории ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон, навозиши ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон ба анъанаҳои нек табдил ёфтаанд.

Дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯз суфраи наврӯзӣ иборат аз ҳафт сину ҳафт шин ороста шуда, суруду таронаҳои ҷаззоб дар васфи баҳору Наврӯз ба руҳияи иштирокдорони  базмгаҳи наврӯзӣ шодиву сурур бахшид.


АКС: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Март 24, 2025 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад