Соли 2025 Маркази миллии тестӣ дар 60 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил менамояд

Март 27, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 27.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шаффофу дастрас баргузор намудани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-2025 дар 60 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои марказ, имсол давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар 60 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ки дар 43-тои онҳо 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд. Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ  ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои довталабон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил шуда, фаъолият менамоянд, бо нишонии  нуқтаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Барои ташкили фаъолияти нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирӣ дар ҷумҳурӣ Марказ дар асоси озмун 245 корманди муваққатиро аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ ба кор ҷалб намудааст, ки ҳамаи онҳо аз омӯзиши махсус гузаштаанд.

Онҳое, ки хоҳиши иштирок дар ИМД 2025 доранд, тибқи тартиби муқарраргардида бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, худро номнавис намоянд. Бақайдгирии довталабон бо ҳузури ҳатмии онҳо доир шуда, шахси дигар ба ҷойи касе ба қайд гирифта намешавад. Марказ ҳамчунин барои осон намудани бақайдгирии довталабон ва сарфаи вақти онҳою кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонааш хизматрасонии «Пешномнависӣ» ташкил намудааст. Довталабон тавассути он метавонанд худро пешакӣ номнавис карда, баъдан барои расмӣ намудани он дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон то 30 апрели соли равон идома меёбад. Тибқи нақшаи марказ, имсол давари якум (асосӣ)-и ИМД дар марказҳои имтиҳонии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Хоруғ) баргузор карда мешавад. Довталаб новобаста аз ҷойи истиқомат ва макони бақайдгириаш метавонад яке аз шаҳру ноҳияро барои имтиҳонсупорӣ интихоб намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 27, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар вобаста ба саҳми иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш доир шуд
Вобаста ба тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳафтаи илм оғоз гардид
Дар Рӯзи пойтахт ғолибони озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаи маориф қадрдонӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омоданамоии муҳандисони самти роҳсозӣ баррасӣ гардид
Бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон ва Чин машварат баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Донишгоҳҳои техникии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷамъбаст шуд
Маротибаи аввал байни хонандагони Тоҷикистон озмоиши маҳаллии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан – PIRLS 2026 гузаронида мешавад
Фаронса шумораи квотаҳоро барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд менамояд