«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастгирии ташаббуси ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2025 ва баҳори соли 2026 дар ҳудуди Муассисаи давлатии














