ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз ҳазор бех ниҳол шинониданд
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар канори шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Бохтар 1500 бех ниҳол шинониданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Бохтар иттилоъ доданд, аз моҳи январ то моҳи март дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст. Дар доираи он ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе ҳашари ниҳолшинонӣ доир мешавад, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён иштирок мекунанд.
Тибқи нақшаи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2026 дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан, ҳамешасабз, мевадиҳанда ва 9 095 140 дона гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад.
Ҳадафи маъракаи саросарии ниҳолшинонӣ зиёд намудани майдони боғу ток, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, рушди содиротии мамлакат, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ, таъсис додани ҷойи нави кор, татбиқи иқтисоди «сабз», сабзазоркунӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии гармшавии иқлим, таназзули заминҳои кишоварзӣ ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






