ҶАЛАСАИ ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ ИДМ
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек 29-30 январи соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Тибқи нақша, дар назар аст, ки иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои татбиқи барномаҳои сиёсати ҷавонон, дурнамои рушди равобити бисёрҷонибаи ҷавонон дар доираи ИДМ, ҳамзамон тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ-ро муҳокима кунанд. Дар кори ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроия ва роҳбарону намояндагони вазорату кумитаҳои кор бо ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳод иштирок мекунанд. Ёдовар мешавем, ки қарор оид ба гузаронидани ин ҷаласа моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардида буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






