БЕМОРОНИ РӮҲӢ ДАР ХОНА- ИНТЕРНАТҲО ҶОЙГИР МЕШАВАНД
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди бемориҳои рӯҳӣ афоиш меёбад. Ҳоло барои ҷойгир кардан ба хона- интернатҳои беморони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ ва Ҳисор 87 нафар беморон дар навбат истодаанд. Барои ҳалли ин масъала дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сохтмони хона- интернат барои 100 нафар беморони касалиҳои рӯҳӣ идома дорад. Бо мақсади иловатан ҷойгир намудани беморон дар ноҳияи Ҳисор ба унвонии Ҳукумати ҷумҳурӣ мактуб ирсол карда шудааст, ки тибқи нақша аз моҳи июни соли ҷорӣ боз 40 нафар эҳтиёҷмандон ба хона-интернати номбурда ҷойгир карда мешаванд.








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






