МУАРРИФИИ «ИНВЕСТИЦИОННЫЙ ТОРГОВЫЙ БАНК» ДАР «ОРИЁНБОНК»
Душанбе, 27 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҶСК «Ориёнбонк» муаррифии ҶСК БСТ «Инвестиционный торговый банк» (ФР) бо иштироки намояндагони он — муовини Раиси Раёсат Е. Ширинская ва вице-президент — директори Департаменти рушди бизнеси байнибонкӣ , Ю. Ершова баргузор гардид. Гурӯҳи кории «Ориёнбонк»-ро муовини раиси он Лола Салимова роҳбарӣ намуд. Дар ҷараёни ин муаррифӣ масъалаҳои шиносоии умумӣ бо ҶСК БСТ «Инвестиционный торговый банк» муҳокима гардида, оиди рейтинги бонк аз рӯи раванди рушди сармояи асосӣ, стратегияи рушди тиҷорати корпоративӣ ва чаканаи бонкӣ, нишондиҳандаҳои асосӣ барои се соли охир, маълумот оиди барномаи хизматгузории комплексии институтҳои молиявӣ, оиди мавқеи бонк дар ноҳияҳо ва дар бозорҳои молиявӣ маълумот пешниҳод гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ҶСК «Ориёнбонк» иттилоъ доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






