ҲАМКОРӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Дирӯз баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай ду ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо шуд. Яке аз онҳо протокол дар бораи дохил намудани тағйирот ба Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Исломии Афғонистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 27 апрели соли 2005 мебошад. Ин ҳуҷҷатро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ва вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон Рангин Додфар Спанта имзо карданд. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов ва вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанта меморандуми ҳусни тафоҳуми байни вазоратҳои кишоварзии ҳар ду мамлакатро дар бораи ҳамкорӣ ва якҷоя гузаронидани тадбирҳои нобуд сохтани малах, ҳашароти дигари зараррасони соҳаи кишоварзӣ ва бемориҳои растаниҳоро имзо намуданд. Сипас сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар маросими гузоштани хишти аввали бинои нави сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе иштирок намуданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






