АНҶУМАНИ НАВИСАНДАГОНИ МАМЛАКАТ
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кушода шуд. Дар ин бора муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр намуд, ки дар анҷуман раиси нави Иттифоқи нависандагон интихоб карда, нақшаҳои фаъолияти он дар давоми панҷ соли оянда муайян карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар анҷуман ҳамаи аъзои Иттифоқи нависандагон иштирок доранд. Шумораи онҳо қариб ба 350 нафар мерасад. Ёдовар мешавем, ки Анҷумани Иттифоқи нависандагон мебоист соли гузашта, баргузор мегардид, вале он бо баъзе сабабҳо мавқуф гузошта шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






