БАҚАЙДГИРИИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ ДАР ҶУМҲУРӢ ИДОМА ДОРАД

Июль 28, 2009 16:24

                    Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз ҷараёни сабти номи ташкилотҳои динӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад. Дар ин бора вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи авали соли ҷорӣ ба намояндагони васоити ахбори омма хабар дод. Ӯ қайд намуд, ки айни ҳол таҳти назорати гурӯҳи ташхиси давлатии диншиносӣ дар 8 минтақаи ҷумҳурӣ иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар рафти бақайдгирӣ онҳо бо иштироки ходимони дин ва сокинони маҳаллӣ семинарҳои омӯзишӣ доир намуда, оид ба моҳияти Қонун дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот доданд.                     Комиссияи ташхиси давлатии диншиносӣ аз 17 нафар иборат буда, ба он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ, Маркази исломшиносӣ , Академияи улуми Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегӣ шомиланд.                    Ҳамчунин вазир зикр намуд, ки Вазорати фарҳанг бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя, барномаи фаъолияти ташкилотҳои диниро (консепсияи динӣ) таҳия намуд ва барои муҳокима ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод кард. Дар консепсияи мазкур дар бораи дурнамои сиёсати динӣ, муносибати иттиҳодияҳои динӣ бо давлат, зарурати таҳияи консепсия ва ҷорӣ намудани фанҳои динӣ дар макотиби олии кишвар маълумот дода шудааст.                    М. Асрорӣ дар бораи масъалаи ҳаҷ сухан ронда, изҳор дошт, ки имсол зоирон аз рӯи қоидаи нав пеш аз сафар ба ҷойҳои муқаддаси ислом бояд ба муқобили бемории A/H1N1 ба организми худ дору гузаронанд.

Июль 28, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид