ДАҲАИ СИНАМАКОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Ҳарсол аз 1 то 7 августи соли ҷорӣ дар тамоми ҷаҳон ҳафтаи байналмилали синамакони гузаронида мешавад. Бахшида ба ин рӯз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 10 августи соли ҷорӣ Даҳаи кўмак ва дастгирии синамаконӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти шиори «Шири модар дар ҳолатҳои фавқулодда ҳаётан муҳим аст» як қатор чорабиниҳоро мегузаронад. Шири модар беҳтарин ғизо барои кўдакон мебошад. Шири модарро ягон ғизои сунъӣ иваз карда наметавонад. Дар таркиби шири модар маводҳое ҳаст, ки аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ кўдакро ҳифз менамояд. Баҳри рушди ғизодиҳии табиии кўдакон Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизои табиии кўдакон» соли 2006 қабул гардидааст. Мақсад ва вазифаҳои ин Қонун — муҳайё кардани шароити зарурӣ баҳри ҳифзи саломатии модару кўдак, ғизодиҳии дурусти кўдакони ширмак, тарғиб ва дастгирии давлатии ғизодиҳии табиии кўдакон, баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ, танзими ҳуқуқии муомилоти ғизои кўдакон иборат мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






