ДАРОМАДИ СОФИ «ОРИЁНБОНК» МЕАФЗОЯД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти бонк, роҳбарони қисмҳои сохторӣ ва директорони филиалҳо, натиҷаҳои фаъолияти молиявии ҶСК «Ориёнбонк» дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ таҳлилу баррасӣ гардиданд. Зимни ҳисобот қайд гардид, ки «Ориёнбонк» бо мақсади мустаҳкам намудани вазъи молиявии худ ба зиёд шудани даромади тақсимнашуда, ё ин ки фоидаи соф ҳамчун натиҷаи ниҳоии фаъолияти молиявӣ аҳамияти калон медиҳад. Мувофиқи ҳисоботи ҷамъбастӣ, дар нимсолаи аввали соли 2009 дар сохтори «Ориёнбонк» нақшаи даромад 151% иҷро шуд. Дар баробари ин, фоидаи тавозунӣ 17 552 266 сомониро ташкил дода, 13 164 200 сомонӣ фоидаи соф ба даст оварда шудааст, ки он 95,5%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба маблағи 2 455 851 сомонӣ зиёд аст. Инчунин, дар ин давра амонатҳои мӯҳлатноки аз тарафи бонк ҷалбкардашуда ба 152 587 932 сомонӣ баробар шуд, ки он 100,5 %-и нақшаи пешбинишударо ташкил дод.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






