МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АҲМАД СОМӢ
Бегоҳии рӯзи 15 — уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш Шайх дар маросими муаррифӣ ва тақдими китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки дар Миср ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудааст, иштирок намуда, ба тарҷумони китоб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб, роҳбари нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» ҷаноби Отиф ал-Ҳазарӣ, устодони донишгоҳи Миср, мутахассисони адабиёти тоҷик доктор Ҳамдӣ ва доктор Аҳмад Сомӣ ва ҳамаи ононе, ки барои нашри он саҳм гузоштаанд, изҳори сипос кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари дӯсти Миср бо забони арабӣ чоп шудани ин китобро «падидаи муҳими робитаҳои муосири илмиву фарҳангии ду кишварва кори шоистаи таҳсин» арзёбӣ намуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид дошт, ки «омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст ва мо бояд аз гузашта сабақ гирифта, дурнамои ояндаамонро муайян созем». Ӯ ҳамчунин таъкид бар он дошт, ки «асари мазкур танҳо ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон ва саҳми беназири онҳо дар ганҷинаи тамаддуни башарӣ маҳдуд намешавад, балки дар он ҳамчунин таърихи мардумони ҳамзабони мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба нақши таърихии Хуросони бузург ва Миср дар бунёдгузорӣ, ташаккул ва рушди тамаддуни бузурги исломӣ баҳои баланд дода, доираҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Мисрро ба густариши ҳамкориҳои судманд даъват намуд. Намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мисри Араб низ дар суханрониҳои худ ба аҳамияти таърихӣ ва илмию фарҳангии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» баҳои баланд дода, ба забони арабӣ тарҷума ва дастраси хонандагони арабзабон гаштани онро кори пурарзиш дар роҳи шиносоии шоистаи тамаддуни тоҷикон маънидод карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






