МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАВОМ ДОРАД

Июль 16, 2009 16:29

                  Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дастаи футболбозони «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бори дуюм зимни қувваозмоиҳои озмоишӣ ғалабаро ба даст овард. Дар қувваозмоии охирин футболбозони «Регар-ТадАз» дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дастаи футболбозони «Энергетик»-и шаҳри Душанберо ба ҳисоби 2:1 мағлуб карданд. Ёдовар мешавем, ки як ҳафта пеш футболбозони шаҳри Турсунзода дастаи футболбозони ЦСКА «Помир»-и шаҳри Душанберо низ бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб карда буданд.                Қаҳрамонони футболи мамлакат 20 июл бо дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон қувваозмоӣ мекунанд. 28 июл қувваозмоии онҳо бо дастаи футболбозони «Локомотив»-и шаҳри Маскав ба нақша гирифта шудааст.

Июль 16, 2009 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд