ШАҲРАКИ ҒАРМ ТАРҲИ ХУДРО ТАҒЙИР ДОД
Душанбе, 25 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт тарҳи худро тағйир дод. Дар ин хусус, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 20-уми худ қарор қабул намуд. Тағйири тарҳи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт сурат гирифтааст. Тибқи тағйири тарҳи шаҳраки Ғарм маҳалҳои аҳолинишини Сари пул, ба номи М.Шомаҳмадов, ба номи Э.Муҳиддинов, Калакон ва Сомониён аз ҳудуди деҳотҳои ба номи Нусратулло Махсум ва Навдӣ бароварда шуда, мутаносибан ба ҳудуди шаҳраки Ғарм ворид карда шуданд. Ҳадаф аз тағйири тарҳи шаҳраки Ғарм осон намудани рафтуои аҳолӣ ба маркази ноҳияи Рашт аст. Бояд тазаккур дод, ки маҳалҳои дар боло зикргардида, аз ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум ва Навдӣ дар масофаи 9 километр ҷойгир шудаанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






