«ШАЙХ» НЕЪМАТ КУШТА ШУД

Июль 30, 2009 10:25

                   Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Қувваҳои ҳукуматӣ шаби 29 июл дар ноҳияи Тавилдара гурӯҳи боқимондаи дастаи мусаллаҳи Неъмат Азизовро ошкор намуданд. Силоҳбадастон ба қувваҳои ҳукуматӣ муқовимат нишон доданд. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона сардори дастаи силоҳбадастон Неъмат Азизов кушта шуд.                  Тавре қаблан хабар дода шуда буд, 11 июл дар Тавилдара дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳонаи силоҳбадастон бо қувваҳои ҳукуматӣ яке аз қумондонони собиқи дастаҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик вазири собиқи ҳолатҳори фавқулодда, генерал — лейтенант Мирзо Зиёев ба ҳалокат расид. Аз рӯи маълумоти ВКД, М.Зиёев охири моҳи июн ба гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор ҳамроҳ гардид, ки таҳти роҳбарии Неъмат Азизов дар кӯҳистони Тавилдара паноҳ бурда буд.                   Н.Азизов шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар вазифаи қумондони баталёни Вазорати ҳолатҳои фавқулодда кор мекард, ки дар ноҳияи Тавилдара ҷой дода шуда буд. Ӯ яке аз аъзои фаъоли иттиҳоди мухолифин буд ва соли 1997 баъди имзои Созишномаи сулҳ ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда гирифта шуд.                  Аз дафтари матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки айни ҳол амалиёти ҷустуҷӯӣ силоҳбадастони боқимонда давом дорад.  

Июль 30, 2009 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид