ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» БЕГОНАПАРАСТ ШУДААСТ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ширкати «Барқи тоҷик» бо сабаби пардохт накардани 1,2 млн. сомонӣ, ки аз корхонаи «Трансформатор» қарздор мебошад, боиси қатъ шудани фаъолияти меҳнатии коргарони корхона гардид. Корхона 100 нафар коргаронашро ба рухсатии бемузд фиристод.Ба гуфти мутахассисони корхона, сабаби дигари аз фаъолият бозмонии ҶСШК «Трансформатор» ба савдо нарафтани маҳсулоти истеҳсолшуда мебошад. Харидори асосии маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ширкати «Барқи тоҷик» мебошад, аммо аз чӣ бошад, ки «Барқи тоҷик» ба ҷои маҳсулоти арзони ин корхона трасформаторҳои истехсоли Ҷумҳурии Арманистонро харидорӣ мекунад. Ҳоло дар анбори корхона беш аз 80 адад трансформатор нигоҳ дошта мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






