ТАҶЛИЛИ ИДИ ЗАБОН ДАР «АМОНАТБОНК»

Июль 24, 2009 14:41

                 Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Таҷлили бистсолагии мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ имсол ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам — фақеҳ, донишманди машҳур ва поягузори мазҳаби Ҳанафӣ, ки қисмати бузурги мусулмонони сайёра пайравӣ аз ин мазҳаб мекунанд, рост омад.                   Вобаста ба ин, дар рӯзи таҷлили Иди Забон дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» конферентсия дар мавзӯи «Бузургии забони форсии тоҷикӣ ва хидмати Имоми Аъзам дар абадияти он» бо ширкати донишманди маъруф Исмоил Пирмуҳаммадзода баргузор гардид.                   Дар бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конферентсияи мазкур муовини раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Абдуқаҳҳор Қодиров маърӯза карда, зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, бедор намудани ҳисси миллӣ ва гиромидошти арзишҳои ба меросмондаи ниёгон ва дар ин замина, поянда гардонидани ваҳдату якпорчагии давлату миллати тоҷик, мусоидат мекунад.                   Инчунин, дар конфренсия донишманди тоҷик Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода оид ба хидмати Имоми Аъзам дар пояндагардонии забони тоҷикии форсӣ сухан ронда.

Июль 24, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад