ВАЗЪИ ЭКОЛОГИИ АТРОФИ «ТАЛКО» МӮЪТАДИЛ АСТ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои вайрон кардани қоидаҳои экологӣ 1678 амр дода шудааст, ки аз он 1203 ададаш ё 72 фоизи он ба таври мусбӣ роҳи ҳалли худро пайдо кард. Ҳамчунин аз тарафи кормандони кумита 961 санад тартиб дода шуда, нисбати вайронкунандагони талаботи экологӣ ба маблағи 61640 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Дар ин давра, моноторинги ҳолати муҳити зист дар радиуси 10 километрии Ширкати Алюминийи Тоҷик — «ТАЛКО» гузаронида шуда, сатҳи консентратсияи моддаҳои заҳрнок дар мавзеҳои аҳолинишин муқаррар карда шуд. Натиҷаи ташхисҳо нишон доданд, ки таъсири моддаҳо ба муҳити зист дар доираи меъёрҳо қарор доранд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






