ВАЗИР МИҚДОРИ МИНАҲОРО МУАЙЯН КАРД
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Вазири адлияи ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров дар конфронси кушодаи байналмилалӣ дар мавзӯи «Табдили Осиёи Марказӣ ба минтақаи озод аз минаҳо» баромад карда иброз дошт, ки аз соли 2004 то имрӯз дар бештар аз 900 нуқтаҳои аҳолинишин корҳои тадқиқотӣ вобаста ба дараҷаи хавфнокии минаҳо дар пешбурди иҷтимоӣ — иқтисодии мардум гузаронида, беш аз 500 минтақаҳои хавфнок муайян карда шуданд. Аз ҷониби мутахассисони дохилу хориҷи кишвар бештар аз 2 млн. 700 ҳазор метри квадратӣ аз минаҳо тоза карда шуданд. Дар нуқтаҳои хавфнок беш аз 4 ҳазор аломатҳои огоҳкунанда аз минаҳо гузошта шуданд. Дар ин муддат беш аз 12 ҳазор минаҳо нобуд сохта шуд. Баъд аз қабули қарори Конвенсияи Оттава дар бораи нест кардани минаҳои зидди пиёдагард даҳҳо давлатҳои аъзои ин конвенсия истеҳсол ва истифодаи минаҳои зидди пиёдагардро қатъ карданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзои ин Конвенсия ҳамаи захираи минаҳои зиддипиёдагардашро несту нобуд сохта, барои тоза кардани майдонҳои минакоришуда фаъолона кор мебарад. Тоҷикистон барои аз мина тоза кардани ҳудудаш 9 солу 9 моҳ вақт талаб намуд, ки он аз ҷониби Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






